Бастрикин гуфт, 60%-и ҷиноятҳоро дар Русия "муҳоҷирон кардаанд"

Александр Бастрикин

Як мансабдори Русия гуфт, 60 дарсади ҷиноятҳои сабтшударо дар он кишвар "муҳоҷирон кардаанд".

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, дар гузориши солонаи худ гуфт, соли 2022 дар Русия 37 ҳазор ҷиноят сабт шуд.

Ба иттилои ӯ, "муҳоҷирон бештар дар Маскав, Санкт-Петербург, Челябинск, Курганск ва Калуга ҷиноят кардаанд."

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, аксари парвандаҳо нисбат ба муҳоҷирон, ки дар Русия қишри осебпазир ва беҳимояанд, "сохта" аст.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ду сол пеш мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Русия ҳастанд.