Мусофирбари зоирони узбек дар Мадина ба садама дучор шудааст

Масҷиди навабӣ дар шаҳри Мадинаи мунаввара.

Дар натиҷаи садамаи автобусе дар шоҳроҳи Ҷидда-Мадинаи Арабистони Саудӣ дар рӯзи 27-уми декабр, 10 зоири узбекистонӣ осеб дидаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, ронандаи автобуси "Mercedes-Benz"-ро, ки ба ширкати "Ал-Афаҷ" тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат дар роҳ хобаш бурдааст.

Манбаъ афзудааст, ки ба зоирони осебдида дар ду бемористони шаҳри Мадина ёрии тиббӣ расонида шудааст. Дар умум дар дохили автобус 50 шаҳрванди Узбекистон будаанд