Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 27 декабр хабар дод, ки ректори пешини Донишгоҳи давлатии омӯзгории занона Гавҳар Алдамбергенова 7 сол зиндонӣ шудааст.
Мушовири ректор К. Кожантаев низ ба ҳамин муҳлат маҳкум ба зиндон шудааст.
Додгоҳ ҳамчунин маҳкумшудаҳоро аз ишғоли вазифа дар идораҳои давлатӣ ба таври якумрӣ маҳрум кардааст.
Маҳкумшудаҳо 9 га замини донишгоҳро нахуст ба номи наздиконашон сабт ва баъдан ба шаҳрвандони дигар фурӯхтаанд. Зарари аз ин ҳисоб ба донишгоҳ расида 205 ҳазор доллар баҳо дода мешавад.
Фурӯши заминҳо дар соли 2018 сурат гирифтааст.