Дар Қазоқистон озодии як мухолифи ҳукуматро талаб доранд

Гуруҳе аз фаъолон ва рӯзноманигорони Қазоқистон рӯзи 26-уми декабр бо баргузории як нишасти хабарӣ дар бинои Бюрои ҳуқуқи инсон дар шаҳри Алмато хостанд, фаъоли маданӣ Айгерим Тлеужанов, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шавад.

Вакили мудофеи Тлеужанов айбҳои эъломшударо зидди шахси зери ҳимояташ рад кард ва парвандаро ба кори фаъоли маданӣ пайванд дод.

"Ӯро ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ айбдор кардан ғайриқонунӣ аст. Ӯ баъд аз шунидани он ки нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ вориди кишвар мешаванд, ба фурудгоҳ рафт, то фаҳмад, ки ҳақиқат аст ё не. Дар он ҷо касе ба вай ҷавоб надод ва пас аз 20 дақиқа фурудгоҳро тарк кард. Баъд аз ин, Айгерим изҳор дошт, ки мехоҳад ҳизби худро таъсис диҳад ва дар интихоботи порлумонӣ иштирок кунад. Ӯро барои фаъолият ва ба хотири пешгирӣ аз ширкаташ дар интихобот айбдор мекунанд", - изҳор дошт вакили дифоъ Айнара Айдархонова дар нишасти хабарӣ.

Тлеужанов аз 17-уми ноябри имсол дар ҳабси хонагӣ аст. Ӯ дар доираи парвандаи ҳамла ба фурудгоҳи Алмато нахуст ба ҳайси шоҳид иштирок карда, сипас ба зидди ӯ парванда боз шуд. Муфаттишон ӯро ба ҳамла ба фурудгоҳи Алмато гумонбар медонанд.