Истеҳсолгарони орд дар Қирғизистон аз ҳукумат хостаанд, ки имтиёзи онҳоро барои воридот ва коркарди гандум ҳифз кунанд.
Дар акси ҳол, ба гуфтаи онҳо, арзиши орд дар Қирғизистон аз 1-уми январи соли оянда 15 дарсад ва нархи нон 20 дарсад гарон хоҳад шуд.
Истеҳсолгарон мегӯянд, 31-уми декабри имсол муҳлати имтиёзи онҳо барои воридот ва коркарди ғалла, ки аз моҳи августи соли гузашта дар Қирғизистон ҷорӣ шуда буд, ба поён хоҳад расид.
Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир мушкили дигаре низ дар ин самт ба миён омадааст. "Захира дар анборҳои соҳибкорони Қирғизистон тақрибан тамом шудааст ва дар сурати талаби дубораи андоз аз арзиши иловашуда онҳо маҷбур мешаванд, ки нархи ордро 15% боло баранд. Мутаносибан нархи нон ҳам гарон мешавад", - гуфт як соҳибкори қирғизистонӣ.
Дар ҳукумати Қирғизистон то ҳол ба талаби истеҳсолгарони орд вокуниш накардаанд.