Ҳолати омодабоши нерӯҳои Сербистон дар марз бо Косово

Милош Вучевич, вазири дифои Сербистон гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар сарҳад бо ҷумҳурии қисман эътирофшудаи Косово дар ҳолати омодабош қарор дода шуданд.

Ҳамаи воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Сербистон низ ба ҳолати омодагии ҷангӣ гузаронида шуда, таҳти фармони сардори ситоди артиши он кишваранд.

Ба гуфтаи вазири дифоъ, "ин омодагӣ кишварро ба баландтарин сатҳи иқдоми нерӯҳои мусаллаҳи Сербистон барои ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии худ, ҳифзи тамоми шаҳрвандон ва пешгирӣ аз терроризм алайҳи сербҳо дар ҳар ҷое, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, қарор хоҳад дод".

Косово 26 декабр неруҳои мусаллаҳи худро ба ҳолати омодабош гузаронд. Ба гуфтаи мақомоти он кишвар, ин кор ба хотири аз байн бурдани садҳое сурат гирифтааст, ки сербҳо дар шимоли Косово ва Метохия бунёд кардаанд.