Дар арафаи таҷлили милоди Масеҳ ҳафриётшиносони исроилӣ ғореро намоиш доданд, ки дар он ба ақидаи донишмандон Салума, дояи Исои Масеҳ, дафн шудааст. Ин қабр ҳамчун макони муҳими зиёрати насрониёну яҳудиҳо арзёбӣ мешавад.
Номи ин доя дар Китоби Яъқуб чун фарде ёд мешавад, ки ҳангоми таваллуди Исои Масеҳ дар ҳамон утоқ ҳузур доштааст.
Салума бо он машҳур аст, ки таваллуди Исои Масеҳ аз Марями бокираро зери шубҳа мегузорад. Аз ин рӯ, як дасташ аз ҳаракат мемонад. Вақте тавба карда, Исои навзодро ба дасташ мегирад, ҷароҳаташ шифо меёбад ва ӯ хитоб мекунад, ки барои Исроил Шоҳи бузурге ба дунё омад.
Ҳафриётшиносон барои пок кардани қабри ду ҳазорсола 350 метри мураббаъ хоку сангро канор кашиданд, то мардум тавонад, аз ин оромгоҳи оилаи яҳудиҳои номдор зиёрат ва наққошиҳои деворро тамошо кунанд. Дар ин мазор катибаҳо ба забони арабӣ ҳам ба чашм мехӯрад.
Зви Фирер, намоядаи идораи ҳафриётшиносии Исроил, мегӯяд, "мо камаш 40 сол пеш дар бораи ин ғор маълумот ёфтем. Ҳама чиз дар зери хок буд. Бо баргузории ҳафриёт кашф кардем, ки дар ҳавлии дохилии ин ғор ва пеш аз вуруд ба қабр як ҳавлии дохилии бузурге ҷойгир будааст. Шояд бузургтарин ҳавлии дохилӣ дар Исроил бошад. Ҳангоми таҳқиқот ҳамчунон чандин чароғи равғанӣ пайдо кардем. Дар он ҷо шаҳодати ҳузури зоирон ва катибаҳо ҳам кашф шуд. Ин навтарин кашфиёти ҳафриётшиносон дар Исроил аст."
Ба қавли ҳафриётшиносони исроилӣ, зоирони насронӣ то замони фатҳи Байтулмуқаддас аз тарафи мусулмонон ба ин ғор омада, бо чароғҳои рӯшан дар он тоату ибодаташонро адо мекарданд.
Ба қавли Зви Фирер, "мо даҳҳо чароғи равғанӣ пайдо кардем, ки бо гулу растанӣ оро дода шудааст. Зоирон чароғҳоро иҷора гирифта, ба дохили ғор барои ибодат мерафтанд. Баъди намоз онҳо чароғҳоро бармегардонданд."
Мазор дар 35-километрии ҷанубу ғарбӣ Байтулмуқаддас ҷойгир буда, солҳои зиёд ҳамчун мақбараи Салума ёд мешавад.