Хабаргузориҳои Русия рӯзи 26-уми декабр иттилоъ доданд, ки нерӯҳои ин кишвар дар канораҳои пойгоҳи Саратов як ҳавопаймои бидуни сарнишини Украинаро сарнагун кардаанд.
Расонаҳо аз масъулони Вазорати мудофиаи Русия иқтибос овардаанд, ки бар асари суқути шикастапораҳои ҳавопаймои украинӣ се низомии рус кушта шуд, вале ба ҳавопаймоҳои низомии Русия зараре нарасид.
Хабаргузории давлатии ТАСС навиштааст, ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Энгелси вилояти Саратов, воқеъ дар 600-километрии марзи Русия бо Украина, соати 1:35-и шаб ба вуқӯъ пайваст.
Рӯзи 5-уми декабр ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Украина пойгоҳи ҳавоии Энгелси Саратов ва пойгоҳи дигареро дар вилояти Рязан мавриди ҳамла қарор дода буданд.