Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобаташро дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) FN 123 рӯзи 25-уми феврали соли оянда дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор мекунад.
Ёдовар мешавем, ин размикори 22-солаи тоҷик моҳи сентябри имсол дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар қувваозмоӣ барои бастани шартнома бо UFC, ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи ҳафт қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. Қадаш 1 метру 78 сантиметр, вазнаш сабук аст.
Баъди муҳориба Нурулло Алиев ба Dana White's Contender Series – ташкилоте, ки ба ҷустуҷӯи размикорони боистеъдод барои бо UFC шартнома бастан машғул аст, гуфта буд, омода аст аллакай баъди як ҳафта дар мусобиқаи ин созмон иштирок намояд.
Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ҳафт муҳориба анҷом додааст. Вай дар се қувваозмоии охирин дар вазни нимамиёна ҳунарнамоӣ мекард. Вале ӯ пеш аз рақобат дар силсилаи довталабони Dana White's Contender Series дар вазнкашӣ ба вазни сабук шомил шуд.
Нурулло Алиев барои чаҳор рақобат бо созмони UFC шартнома баст ва ваъда дод, ки баъди ду сол камарбанди қаҳрамониро хоҳад гирифт.
"Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки сарфи назар аз мушкилиҳо бояд ду сол пас қаҳрамони UFC шавам. Ё ҳадди ақал дар рӯйхати панҷ варзишгари беҳтарини ин ташкилот бошам, то ҳар замон UFC тавонад, барои ман рақобати қаҳрамонӣ пешниҳод кунад", - гуфт Нурулло Алиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.