Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки бар асоси он молиёт ё андоз барои шаҳрвандони "фирорӣ"-и ин кишвар дар хориҷа бештар хоҳад шуд. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дод.
Ба гуфтаи Володин, онҳое, ки Русияро тарк кардаанд, на танҳо ба таври фосилавӣ дар ширкатҳои Русия кор мекунанд, балки аз ҳамаи имтиёзҳо бархурдоранд. "Имтиёзҳоро барои русиягиҳои ба хориҷрафта бояд бекор ва андози бештар ҷорӣ кард. Ин аст адолат", - гуфт Володин.
Пештар аз ин расонаҳои Русия хабар доданд, Ҳизби ҳокими "Русия воҳид" тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки бар асоси он мутахассисони русиягӣ ҳаққи фаъолияти фосилавиро дар бархе аз риштаҳо нахоҳанд дошт.
Нашрияи "Вёрстка" навишт, ин маҳдудият ба мутахассисони бахши амнияти иттилоотӣ ва чанд бахши дигари давлатӣ рабт хоҳад дошт.
Баъд аз шурӯи ҳамлаи Русия ба Украина, дертар баъд аз эъломи сафарбарсозии низомӣ ҳазорон шаҳрванди қобили меҳнати Русия, аз ҷумла тоҷирон, мутахассисони фанновариҳои навин, кормандони илмӣ ва пизишкон Русияро тарк карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ним сол ҳудуди 96 ҳазор шаҳрванд ин кишварро тарк кардаанд.