Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 24-уми декабр дар вилояти Норини он кишвар 10 касро боздошт кард. Панҷ нафар узви гуруҳи ҷиноии Қамчӣ Асанбек буда, панҷ тани дигар кормандони пулис ҳастанд, ки ҷинояткоронро пушту паноҳ шудаанд.
Ин гуруҳ, ба иттилои КДАМ, рӯзи 7-уми ноябри имсол аз соҳиби як қаҳвахона моҳона ҳазор долларри амрикоӣ талаб кардааст. Гуруҳ таҳдид кардааст, ки дар сурати напардохтани маблағ қаҳвахонааш оташ зада мешавад. Соҳиби қаҳвахона ба пулис шикоят, аммо пулис чораҷӯӣ накард.
"Роҳбарияти пулиси ноҳияе, ки ҳодисаи мазкур онҷо сурат гирифт, талош кардааст, ки соҳиби қаҳвахонаро моил кунад, ки ба мақомоти дигар шикоят набарад", - омадааст дар хабари КДАМ.
Алмаз Ҷумабеков, сардори пулиси вилояти Норин рӯзи 25-уми декабр гуфт, се тан пулиси боздоштшуда раҳо шудаанд.