Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар паёми идонааш ба муносибати Иди милоди Масеҳ қавл дод, ки ба мардуми кишвараш “озодиро бармегардонад.” Чанд соат пештар аз суханронии ӯ дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия ба Украина камаш 10 нафар кушта ва 60 тани дигар маҷруҳ шуданд.
Ӯ аз украиниҳо хост, то дар ин зимистони сахт ва алорағми қатлу вайронӣ, қатъи неруи барқ ва таҳдиди пайвастаи ҳамлаҳои Русия истодагарӣ кунанд. Владимир Зеленский гуфт, аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар даҳ моҳи пеш, мардуми кишвараш “ҳамлаву таҳдидҳо, террор ва зарбаҳои мушакӣ”-иро таҳаммул кардаанд.
Дар муроҷиати видеоиаш дар шаби 24-уми декабр ӯ гуфт, озодӣ қимати бисёр гарон дорад, вале болотар аз бардагист. Чанд соат пештар аз муроҷиати видеоии Зеленский, дар ҳамлаҳои Русия ба шаҳри бандарии Херсон камаш 10 нафар кушта ва 60 тани дигар маҷруҳ шуданд. Раиси ҷумҳури Украина ин ҳамлаҳоро амали террористӣ номид, ки ба гуфтаи ӯ, ҳадафи он мардуми осоишта будааст.