Мақомоти эронӣ гуфтанд, аризаи бозбинии ҳукми қатли ду эъирозгарро қабул карданд

додгоҳе дар Эрон

Мақомот дар Эрон рӯзи 24-уми декабр гуфтанд, ки Додгоҳи олӣ аризаи бозбинии ҳукми қатли ду эътирозгарро қабул кардааст. Муҳаммад Қубодлу ва Сомон Саиди Ёсин барои ширкат дар ошӯбҳо ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Созмони Афви байнулмилал мегӯяд, ки дар Эрон 21 нафар дар пешорӯи ҳукми қатл қарор доранд ва ин амали мақомотро ба шиддат маҳкум кард.

Дар Эрон баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола дар идораи полис эътирозҳои сартосарӣ шурӯъ шуд ва аксар минтақаҳои кишварро фаро гирифт. Шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ”, ки ҳазорҳо нафарро ба хиёбонҳо баровард, аз талаби озодиҳои шаҳрвандию маишӣ барои занону духтарон хабар медиҳанд. Дар паи саркӯби эътирозҳо аз ҷониби мақомот, садҳо нафар кушта шуданд.