Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико дар як овоздиҳии 23-юми декабр тарҳи қонун дар бораи маблағгузориро барои соли 2023 қабул кард, ки 1,7 триллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 45 миллиард доллар чун кӯмаки изтирорӣ ба Украина ва ҳам муттафиқони ИМА дар НАТО равона мешавад. Ин азимтарин бастаи ёриҳо ба Украина аст.
Аз ин маблағ 9 миллиард доллараш ба низомиёни украинӣ, 13 миллиард доллараш барои кӯмаки иқтисодӣ ба Украина равона мешавад. Боз 12 миллиард доллари дигар ба таври мустақим ба Киев барои захира кардани силоҳ ва муҳимот дода хоҳад шуд. Пулҳои боқимонда барои барномаҳои башарӣ ва маблағгузории кори фармондеҳии ИМА дар Аврупо пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми қабули тарқи қонун дар Сенат инчунин як иловае ҳам ворид шудааст, ки роҳи соддатари истифодаи пулҳои аз олигархҳои рус мусодирашударо бо ҳадафи ёрӣ ба Украина дар назар мегирад. Масъулияти мудирияти ин пулҳоро Департаменти давлатӣ ба дӯш мегирад. Тарҳи қонунро бояд президент Ҷо Байден имзо кунад.