Дар сӯхтори хонаи пиронсолон дар Русия 20 нафар ҷон дод

Дар шаҳри Кемеровои Русия дар паи сӯхторе дар як хонаи пиронсолон 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Шаш нафар маҷрӯҳ шудаанд ва ду нафарашон бо ҷароҳатҳои сангин дар беморхона қарор доранд. Дар ин муассисае, ки ғайриқонунӣ амал мекардааст, ошёнаи дуюм пурра сӯхта нобуд шудааст ва маҳз дар ҳамин ҷо бист муштарии он нигаҳдорӣ мешуданд. Додситонии вилояти Кемерово ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст.

Кумитаи тафтишотӣ аз рӯи моддаи “расонидан ба марг аз беэҳтиётӣ” парванда боз кардааст. Бар асоси фарзияҳои пешакӣ, сабаби сӯхтор вайрон шудани дастгоҳи газ буда метавонад. Баъди ин ҳодиса раиси вилоят супориш дод, ки ҳама хонаҳои пиронсолон дар минтақа санҷида шаванд.

Радио Свобода менависад, ки муассиси ин хонаи пиронсолон сокини маҳаллӣ Андрей Смирнов аст ва соли 2021 собиқ корманди он ӯро дар азхудкунии қисми пулҳои нафақаи пиронсолон ва ҳам азияту озор гунаҳгор карда буд.