Пулиси Покистон гуфт, як бомбгузори маргталаб рӯзи 23-юми декабр мошини пур аз маводи мунфаҷираро дар посгоҳи назоратӣ дар Исломобод тарконд ва як афсарро кушту даҳ нафар, аз ҷумла ҳафт раҳгузарро маҷруҳ кард. Марди ҳамлвар ва зани ҳамроҳаш низ кушта шудаанд. Ҳамларо Таҳрики Толибони Покистон ба уҳда гирифт.
Муовини раиси пулис, Суҳайл Зафар Чатта, гуфт, мудохилаи саривақтии пулис аз ҳамлаи эҳтимолии бузург пешгирӣ кард. Ба қавли ӯ, "вақте пулис шубҳа карду амр дод, ки мошин дар посгоҳи назоратӣ биистад, таркиш шуд."
Вазири корҳои дохилии Покистон, ба телевизиони Geo News-и Покистон гуфт, агар мошин дар маҳалли серодаме мунфаҷир мешуд, "талафоти зиёд ба бор меовард".
Таркиш дар Исломобод, дар 15-километрии шаҳри Равалпиндӣ, ки дар онҷо ниҳодҳои истихборотии низомӣ ҷойгиранд, рух дод.
Нахуствазир Шаҳбоз Шариф ба маъмурони полис сипос гуфт ва ҳамларо маҳкум кард.