Аз соли оянда маошу нафақа дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Дар ин бора раиси ҷумҳур рӯзи 23-юми декабр дар паёмаш ба порлумон хабар дод.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ,
аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд мешавад.
аз 1 июли 2023 музди меҳнати кормандони маориф, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо 20 дарсад афзоиш меёбад.
аз 1 июли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад.
ҳамчунин нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар сатҳи таварруми 2 соли ахир, вале на кам аз 16 дарсад зиёд мешавад.
дигар намуд нафақаҳо 20 дарсад зиёд афзоиш меёбад.
Нархи болои маҳсулот ва маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама кам маошу нафақа мегиранд.