Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ба фақирон ёрӣ медиҳад, аммо як бор

Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки ба табақаҳои муҳтоҷу фақири кишвар кумаки якдафъаинаи молӣ расонад. Бар асоси ин қарор аз рӯзи 9-уми декабр, ки нусхае аз онро Радиои Озодӣ дид, кумак баробар ба як музди ҳадди ақал ва ё 600 сомонӣ хоҳад буд.

Ҳадаф аз ёрӣ, ба гуфтаи ҳукумати кишвар, пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ барои иқтисод ва ҳам кумак ба мардуми осебпазир аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми декабр дар паёмаш ба порлумон гуфт, то охири имсол ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар ёрии якдафъаина мерасонанд.

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, 275 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Бештар аз 25 дар сади аҳолии Тоҷикистон камбизоат ба ҳисоб мераванд ва аз ин миён даҳҳо ҳазор хонавода қашшоқу муҳтоҷ ҳастанд.