Наздикону модарони боздоштшудаҳои маъруф ба "Парвандаи Кампиробод" рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо интиқоли боздоштшудаҳоро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ талаб намуданд.
"Боздоштҳо бо қонуншиканӣ сурат гирифтааст. Дар манзили онҳо бидуни иҷозаи додгоҳ кофтукоб анҷом шудааст, муҳлати ҳабси онҳоро ғайриқонунӣ тамдид карданд", - гуфтанд наздикони боздшотшудаҳо.
Онҳо ҳамчунин шиорҳои "Озодӣ!, "Муҳаббат ба Ватан - ҷиноят нест!" сар доданд. Пештар аз ин, рӯзи 20-уми декабр, дар назди боғи Панфилови шаҳри Бишкек наздикони муттаҳамони “парвандаи Кампиробод” гирди ҳам омада буданд.
Моҳи октябр дар Бишкек тақрибан 30 сиёсатмадор ва фаъоли ҷомеа ба гумони "омодагӣ ба ташкили ошӯбҳои оммавӣ" боздошт шуданд. Додгоҳ онҳоро барои ду моҳ ба ҳабс гирифт, моҳи декабр чораи пешгирӣ боз барои ду моҳи дигар тамдид карда шуд.
Ба нишони эътироз ба ҳукми додгоҳ 19 муттаҳами ин парванда гуруснанишинӣ эълон карданд. Вакилони мудофеи бархе боздоштшудаҳо ва намояндагони Пажуҳишгоҳи Омбудсмен аз вазъи саломатии онҳо нигаронӣ карданд.
Содир Ҷабборов рӯзи 17-уми декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.