Вазорати умури дохилии Қазоқистон иттилоъ дод, ки аз 21-уми сентябри имсол, баъд аз эълони басеҷ дар Русия 3578 шаҳрванди ин кишвар барои дарёфти иҷозати зисти доимӣ дар Қазоқистон муроҷиат кардаанд.
Тибқи иттилои сомонаи вазорат - Polisia.kz, ҳамчунин дар ин давра 965 шаҳрванди Русия барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон дархост додааст.
“Пулис ба ҳама иҷозати иқомат намедиҳад. Тавонмандии пардохтпазирӣ – доштани тақрибан 4,5 миллион танга дар суратҳисоби бонкӣ ва надоштани доғи судӣ аз зумраи шартҳои ҳатмӣ ҳастанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти муроҷиаткунандаро тафтиш карда, танҳо пас аз он иҷозати зист дар кишварро медиҳанд”, - гуфт Аслан Аталиков, намояндаи Кумитаи муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Қазоқистон.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон бояд нахуст 5 сол дар ин кишвар зиндагӣ кунанд. Ба истиснои қазоқтаборон ва занҳое, ки бо шаҳрвандони Қазоқистон издивоҷ кардаанд.