Барои тағйир додани Конститутсия дар Узбекистон мехоҳанд, баҳори соли 2023 раъйпурсӣ анҷом диҳанд.
Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати Узбекистон тавассути дипломатҳои ғарбӣ талош дорад, ба маъракаи раъйпурсӣ меҳмонони соҳибнуфузро даъват кунад.
Дар сурати қабули Конститутсияи нав дар Узбекистон, президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев ҳақ пайдо мекунад, ки бори дигар дар интихоботи президентӣ ширкат варзад.
"Раъйпурсӣ охири моҳи март - аввали моҳи апрели соли 2023 дар назар дошта шудааст. Баъд аз таҷлили Наврӯз", - хабар додааст яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти Узбекистон.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон расман таърихи баргузории раъйпурсиро эълон накардааст.