Ҷопон муҳоҷирони соҳиби касбро аз Осиёи Марказӣ мебарад

Ҳукумати Ҷопон тасмим дорад, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро барои кор даъват кунад.

Ин иқдом тавассути барномаи ҷалби коргарони соҳибихтисос роҳандозӣ хоҳад шуд. Тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд, ба корҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ёшима Ҳаяшӣ тасмими кишварашро дар мулоқот бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ эълон хоҳад кард. Мулоқот 24-уми декабр дар Токио мегузарад.

Мақомоти Ҷопон мегӯянд, бо қабули муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вобастагии Узбекистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Қирғизистону Туркманистонро аз Русия ва Чин кам хоҳанд кард.

Расонаҳои ҷопонӣ навиштанд, дар нишасти рӯзи шанбе вазири корҳои хориҷии Ҷопон ҳамчунин эълон хоҳад кард, ки ин кишвар ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ дар чанд масоили дигар, аз ҷумла рушди содироти мол, мадад хоҳад кард.