Раҳбарони Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус, ки узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд, ба зудӣ гирди ҳам хоҳанд омад.
Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, рӯзи 20-уми декабр дар нишасте дар Минск гуфт, нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рӯзҳои 26-27-уми декабр баргузор мешавад.
Даъвати раҳбарони кишварҳои узви ИДМ пеш аз соли нав ба Русия, як одати деринаи президент Владимир Путин аст, ки дар ин созмони сиёсӣ нақши аввал мебозад.
Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда, ба қавли таҳлилгарон, ба узвияташ ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дохил мешаванд, ки бо Маскав ва Кремлин ҳамкориву шарикии стратегӣ доранд.