Дар мусобиқаи бози гуштигирӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки 18-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрави тамғаи «Hyundai Avante» - ба паҳлавони эронӣ Масъуд Қавибозу ва гуштигири узбекистонӣ Муҳсин Ҳисомиддинов тақдим гардид.
Дар ин мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз Арабистони Саудӣ, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Эрон иштирок карданд.
Варзишгарони тоҷик 2 медали тило, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ гирифтанд. Медалҳои тилоро Орифҷон Додов дар вазни 65 кило ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кило ба даст оварданд.
Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ҷоизаҳои молӣ супурда шуд: ҷойи аввал - 40 000 сомонӣ, ҷойи дуюм - 20 000 сомонӣ, ҷойҳои сеюм - 10 000 сомонӣ.
Масъуд Қавибозу аз Эрон дар вазни 95 кило ва Муҳсин Ҳисомиддинов аз Узбекистон дар вазни беш аз 95 кило, ки ғолиб шуданд, бо шоҳҷоиза — автомашинаи сабукрави тамғаи «Hyundai Avante» - сарфароз гаштанд.