Сохтакориҳо ҳангоми шумориши аҳолӣ дар Туркманистон

Ишқобод, Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳангоми бозшумории аҳолии Туркманистон, ки 15 сол мешавад омори расмии он нашр нашудааст, ба қонуншиканӣ ва тақаллуб роҳ дода мешавад. Хабарнигорон ва манбаъҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ аз мавридҳои қайди дубораи сокинон хабар медиҳанд.

"Шаҳрвандон ва муҳоҷирони дохилӣ, ки дар ҷойи истиқоматашон сабти ном шудаанд, вале дар ҷои дигар зиндагӣ мекунанд, ду бор қайд мешаванд”, - иттилоъ дод хабарнигори радио дар вилояти Балкан рӯзи 19-уми декабр.

“Маро аллакай ду бор ҳисоб карданд. Агар ин тавр идома ёбад, натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ шояд аз шумори воқеӣ хеле зиёдтар нишон дода шавад", - гуфт хабарнигор.

Шумори аҳолии Туркманистон аз соли 2007 ба ин сӯ расман эълом намешавад. Мақомоти Туркманистон шумори умумии аҳолии худро бори охир соли 2006 эълон карда буданд. Он замон гуфта шуд, ки Туркманистон беш аз 6,7 млн аҳолӣ дорад.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ моҳи июли соли 2021 хабар дода буд, ки шумори аҳолии Туркманистон 2,7 миллион нафар, яъне то ба сатҳи солҳои 1980-ум кам шудааст. Ба иттилои радио, ин арзёбиро ниҳодҳое кардаанд, ки масъули ҳисоби шумори аҳолӣ дар Туркманистон ҳастанд.

Дар омори Бонки ҷаҳонӣ, ки ба иттилои расмӣ такя мекунад, аҳолии Туркманистон дар соли 2018 5,8 миллион нафарро ташкил медиҳад.