Русия гуфт, дар Беларус размоиши муштарак баргузор мешавад

Вазорати дифои Русия эълом кард, ки дар Беларус размоиши муштараки низомии тактикӣ анҷом дода мешавад, аммо замони баргузории размоиш гуфта нашудааст.

"Фармондеҳ баъд аз анҷоми размоиш дар марҳилаи ниҳоии ҳамоҳангсозӣ тавонмандии ҷангӣ ва омодагии ҷангии воҳидҳоро арзёбӣ хоҳад кард", - иттилоъ додааст хабаргузории русии "Интерфакс" бо истинод ба вазорат.

Нахустин гурӯҳҳои сарбозони рус ҳанӯз моҳи октябри имсол ба Белорус рафта буданд. Қаблан Вазорати дифои Беларус хабар дода буд, ки то 9 ҳазор низомии Русия, беш аз сад тонку зиреҳпӯш ва ҳавопаймоҳо барои “иштирок дар размоиши муштараки нерӯҳои мусаллаҳ” вориди кишвар мешаванд.

Президенти Белорус Александр Лукашенко чанд рӯз пеш бори дигар Украинаро дар омодагӣ барои ҳамла ба кишвараш айбдор карда буд. Киев ин иддаоро рад кард.

Беларус дар ҷанги Украина бевосита иштирок намекунад. Аммо низомиёни рус моҳҳои феврал ва марти соли 2022 аз хоки он ба Киев ҳамла карда буданд.