Кормандони корхонаҳои нафтӣ дар Эрон корпартоӣ карданд

Акс аз эътирози кормандони корхонаҳои истеҳсоли нафт

Дар чанд шаҳри Эрон кормандони корхонаҳои истеҳсоли нафт бо эътироз коршиканӣ карданд.

Кормандони корхонаҳои истеҳсоли нафт ба эътирози давомдори сокинон дар ин кишвар пайвастанд, ки беш аз ду моҳ боз давом дорад.

Рӯзи 17-уми декабр дар Машҳад, Аҳвоз, Аслуя, Гаҷсорон ва дигар минтақаҳои ҷануби Эрон кормандони ширкатҳои нафту газ ба эътироз даст заданд.

Дар саҳифаҳои телеграмӣ аз ин эътирозҳо аксу видео нашр шудааст.

Як Шӯрои ташкили эътирозҳо дар изҳороти ахири худ, бо ишора ба нигаронии коргарон аз “набудани амният дар ҷойи кор” ва “нигаронии аз кор озод шудан” барои ширкат дар эътирозҳо ба корпартоии умумимиллии коргарони ин соҳа даъват кардааст.

Дар ин баёния саркӯби эътирозгарон маҳкум шудааст.

Эътирозу нооромӣ дар Эрон беш аз ду моҳ боз идома дорад. Ин эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Маҳсо Аминии 22-сола ба иттиҳоми “бадҳиҷобӣ” дастгир шуд ва баъди се рӯз дар ҳоли беҳушӣ даргузашт.

Пайвандони Маҳсо Аминӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки ӯ бар асари латукӯб ҷон бохтааст, вале мақомоти Эрон иддао доранд, ӯ бемор буд.