СБП ба иқтисоди Миср 3 миллиард доллар ёрӣ мекунад

Сандуқи Байнулмилалии Пул барои мадад ба Миср як бастаи ёриҳоро қабул кард. Арзишаш ба 3 миллиард доллар мерасад ва барои чаҳор сол пешбинӣ шудааст.

Иқдом рӯзи 16-уми декабр ва баъди он эълон шуд, ки Бонки марказии Миср ислоҳоти калидӣ, аз ҷумла то тақрибан ду дарсад афзоиш додани баҳра (фоиз)-и бонкиро ваъда дод.

Иқтисоди Миср аз замони ҳамагири COVID-19 ва афзоиши нархи маводи ғизоӣ дучори мушкил шудааст.

Ин кишвар воридкунандаи дараҷаи яки гандум дар ҷаҳон ба ҳисоб меояд ва хеле ба воридот аз Русияву Украина пойбанд аст.