Масъулони Twitter саҳифа ё ҳисоби корбарии чанд рӯзноманигори расонаҳои маъруфро дар Амрико бастаанд. Дар ин бора «Вашингтон Пост» гузориш дод.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудиятҳо ба рӯзноманигорони “Садои Амрико”, “Ню-Йорк Таймс”, CNN ва расонаҳои дигар низ дахл дорад. Хабарнигорон гуфтаанд, дар бораи ин тасмим ҳеч огоҳӣ ё шарҳе нагирифтанд.
Саҳифа ё ҳисоби корбарии хабарнигорон баъд аз он баста шуд, ки Твиттер сиёсати худро дар мавриди «маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ» тағйир дод ва ҳисоби ElonJet-ро боздошт. Ин саҳифа дар бораи макони ҳавопаймои хусусии Маск иттилоъ медод.
Илон Маск, мудири Твиттер, гуфтааст, «тамоми рӯз танқид кардани ман чизи муқаррарӣ аст, аммо на нишон додани макони ман ва дар хатар гузоштани хонаводаам.»
Сухангӯйи нашрияи «Ню-Йорк Таймс» гуфт, «бастани саҳифаи чанд рӯзноманигори маъруф, аз ҷумла Райан Мак, шубҳаовар ва таассуфбор аст. На «Ню-Йорк Таймс» ва на Райан дар ин бора шарҳе нагирифтанд. Чаро чунин шуд? Умед дорем, саҳифаи рӯзноманигорон барқарор шуда, Твиттер барои рафтораш шарҳи қаноатбахш хоҳад дод.»
Телевизиони CNN дар як изҳорот тасмими Твиттерро «беасос» номид ва гуфт, барои гирифтани шарҳ ба ширкат дархост фиристод.