Толибон як шаҳрро "Имоми Аъзам" ном ниҳоданд

Вилояти Парвони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Толибон номи шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвонро ба "Имоми Аъзам" иваз кардаанд.

Сухангӯйи волии Толибон дар Парвон рӯзи 16-уми декабр ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "номгузорӣ баъд аз ройгирӣ бо ҳузури мақомот, шуморе аз бузургони қавмӣ ва баъзе аз шахсиятҳои фарҳангӣ сурат гирифт."

Бар асоси маълумоти баъзе аз намояндагони Толибон, тағйири номи шаҳр бо дастуру иҷозаи Муллои Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон, рӯзи 15-уми декабр анҷом шудааст.

Гуруҳи тундрави Толибон, ки фаъолияташ ҳанӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон мамнуъст, соли 2021 ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

Абуҳанифа, мулаққаб ба Имоми Аъзам, пешвои пайравони мазҳаби ҳанафӣ, яке аз чаҳор шохаи тасаннун аст.

Мақомот Тоҷикистон соли 2009-ум 1310-солагии Имом Абуҳанифаро ба таври расмӣ таҷлил карда, Донишкадаи исломии кишварро ба номи ӯ гузоштанд.