Бар асари таркиши бомб дар Туркия мусофирбари ҳомили низомиён осеб дида, 9 нафар захмӣ шудаанд.
Мақомоти Туркия гуфтанд, ҳодиса рӯзи 16-уми декабр ва дар наздикии шаҳри умдатан курднишини Диёрбакир рӯй дод.
Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия, гуфт, дар пайванд ба ҳамла ду касро дастгир карданд.
Ба иттилои дафтари волии Диёрбакир, бомб дар дохили як мошин дар назди бозори чорво ҷобаҷо шуда будааст.