Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон ба дархости як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ посухи рад дод. Асет Абишев мехост, рӯзҳои 17-18-уми декабр гирдиҳамоӣ баргузор кунад.
Фаъолон мехостанд, дар робита ба фиристодани ёрӣ ба Украина дар ҷанг бо Русия, берун шудани Қазоқистон аз СПАД, таҳқиқи марги қурбониёни Жанаозен, Желтоксан ва "январи хунин" намоиши эътирозӣ баргузор кунанд.
Пештар аз ин ҳукуматҳои Петропавловск, Уралск, Оқсой ва Остона ба дархости фаъолон барои баргузории гирдиҳамоиҳо дар рӯзҳои 16-18-уми декабр ҷавоби рад доданд.
Ҳамасола фаъолон дар Қазоқистон рӯзи 16-уми декабр ба поси хотири қурбониёни ҳодисаҳои декабрии соли 1986 ва ҳодисаҳои соли 2011, ки дар шаҳри Жанаозен рух доданд, гирдиҳамоӣ ташкил мекунанд.
Рӯзи 16-уми декабри соли 2011 пулис дар Жанаозен ба сӯи эътирозгарон тир кушод. Нафткашҳо он сол ба эътироз баромада, маоши бештар талаб доштанд. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тиркушоии пулис 17 кас кушта, бештар аз 100 тан ҷароҳат бардошта буданд.