Дороиҳои Януковичро дар Украина мусодира карданд

Виктор Янукович аз соли 2010 то 2014 раиси ҷумҳури Украина буд

Додгоҳи олии мубориза бо фасоди Украина даъвои Вазорати адлияи ин кишварро қонеъ ва дороиҳо, аз ҷумла амволи манқул, ғайриманқул, пулҳои президенти пешин ва фирорӣ Виктор Януковичро ба фоидаи давлат мусодира кард.

Тибқи иттилои додгоҳ, қароргоҳи собиқи Янукович Межихиря дар наздикии Киев, маҷмааи меҳмонхона ва тарабхона дар Сухолучйе, манзил дар соҳили Оболонская дар Киев, маблағҳои суратҳисобҳо (беш аз 1 миллион доллар), саҳмияҳо дар корхонаҳо мусодира гаштаанд.

Виктор Янукович, ки солҳои 2010-2014 президенти Украина буд, моҳи феврали соли 2014 дар авҷи эътирозҳои хиёбонӣ аз Киев фирор кард.

Ӯ баъдан бо қарори Рада ё порлумон аз қудрат барканор шуд. Тамоми ин солҳо ӯ дар Русия зиндагӣ мекунад ва иддао дорад, ки барканориаш ғайриқонунӣ буд.