Ду моҳ ҳабс барои ташкили тазоҳурот дар рӯзи қасамхӯрии Тоқаев

Соҳибкор Марат Абиевро, ки дар рӯзи савгандёдкунии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев тазоҳурот ташкил карда буд, ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд.

"Гумонбар тибқи қарори Додгоҳи шаҳри Остона аз 12-уми декабри соли 2022 ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд", - омадааст дар эъломияи додгоҳ. Дар он нагуфтаанд, ки ба зидди соҳибкор бар асоси кадом банд парванда кушоданд.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳ аз шарҳи бештари хабар худдорӣ карда, гуфтанд, "ҷузъиёти парванда махфӣ аст".

Пештар Додгоҳи шаҳри Остона Марат Абиевро баъд аз ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ ҳамроҳи ҷонибдоронаш дар рӯзи савгандёдкунии Тоқаев 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ карда буд. Он замон гуфта мешуд, ки ӯ барои ташкили тазоҳуроти бидуни иҷозат ва итоат накардан ба пулис айбдор мешавад.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти амалкунандаи Қазоқистон, ки такроран дар интихоботи пеш аз муҳлати рӯзи 20 ноябр пирӯз шуд, рӯзи 26 ноябр маросими савгандёдкунӣ баргузор кард. Дар натиҷа даҳҳо кас дар Остона ба нишони эътироз таҷаммуъ карданд.