Қазоқистониҳоро "ба кор" дар Мариупол даъват доранд

Як оҷонси шуғл дар Қазоқистон тавассути интернет қазоқистониҳоро барои барқарории шаҳри Мариуполи Украина даъват мекунад. Ин шаҳри Украина аз сӯи неруҳои Русия ишғол шудааст.

Ба иттилои оҷонси шуғл, чанде аз сокинони Қазоқистон ба ин кор розӣ ва рӯзи 14 декабр ба Мариупол равона шудаанд.

"Оё ин кори дуруст аст? Ёдовар мешавам, Мариупол ин шаҳри Украина аст, ки муваққатан аз сӯи артиши Русия ишғол шудааст. Артиши Русия амалан шаҳрро нобуд кардааст. Дар Мариупол ҳадди ақал 85 ҳазор сокини осоишта кушта шудааст. Ҷасади бисёре аз онҳо зери харобаҳо ҳастанд. Яъне, тавассути ҳамин гуна оҷонсҳои шуғл Русияи путинӣ мехоҳад, неруи корӣ пайдо ва изи ҷиноятҳояшро маҳв созад", - навишт рӯзноманигор Лукпан Ахмедяров.

Рӯзноманигор савол додааст, ки фаъолияти оҷонсҳои шуғлро дар Қазоқистон кӣ назорат мекунад?

Дар огоҳии оҷонси шуғл барои кор дар Мариупол ба қазоқистониҳо моҳона 1900 доллар ваъда шудааст.

Мақомоти Қазоқистон дар посух ба дархости рӯзноманигор гуфтаанд, дар бораи огоҳии оҷонси шуғл чизе нашуниданд.

Пештар чандин муҳоҷири тоҷик ҳам гуфтанд, онҳоро бо ваъдаи маоши хуб ба Мариупол бурданд, аммо корфармоён ваъдахилофӣ карданд.