Камбуди газу барқ дар Узбекистон сабаби эътироз шуд

Дар Узбекистон шикоятҳо аз набуди газу барқ зиёд мешавад.

Бино ба гузориши бахши узбекии Радиои Озодӣ, Узбекистон дар ҳолати бӯҳрони энержӣ қарор дорад. Бо расидани сармову барф, дар бисёре аз гушаҳои кишвар гази корхонаҳоро қатъ кардаанд, то аҳолиро таъмин намоянд. Бинобар ин корхонаҳои зиёде ё ба кор бо ангишт гузаштаанд ё бекор мондаанд.

Айни замон, шикоятҳо аз шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар Самарқанд зиёд аст, ки хонаҳои мардум газ надоранд ва нирӯи барқ ҳам номураттаб дода мешавад. Ба навиштаи Радиои Озодлик, бӯҳрони энержӣ мояи норизоияти бештар шудааст.

Рӯзи 7 декабр дар корхонаҳои истеҳсоли гипси Фарғона коргарон бо талаби таъмини газ ва аз сар гирифтани кор эътироз кардаанд. Дар ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканд гурӯҳи занон бо талаби таъмини газ ба хиёбонҳо баромаданд.

Дарҳамин ҳол, ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев бо гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат ба назди дари як сокине рафта мепурсад, ки оё хонаашон гарм ҳаст ё не.

Дар ин навор раиси ҷумҳур дар муроҷиат ба соҳибхона мегӯяд: “каме сард аст, аммо ин мегузарад, мо талош дорем гарм ва вазъ беҳтар шавад” Бархе инро намоишкорӣ хондаву гурӯҳе аз корбарон гуфтаанд, таваҷҷӯҳи президент ба ин масъала аз амиқ будани бӯҳрон дар Узбекистон дарак медиҳад.