Дар Кремл эҳтимоли берун овардани неруҳои Русияро то охири соли ҷорӣ аз Украина рад карданд. "Дар ин бора ҳеч ҳарфе нест", - гуфт Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия.
Пештар аз ин Владимир Зеленский, президенти Украина пешниҳод карда буд, ки то Соли нави мелодӣ артиши Русия аз Украина берун бурда шавад.
Ба гуфтаи Песков, Украина "бояд он воқеиятҳоеро пазирад, ки ба вуқуъ омадаанд". Вай аз ба ном раъйпурсиҳое ёдовар шуд, ки дар ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск, инчунин вилоятҳои дигари аз сӯи Русия ишғолшуда - Херсону Запорожеи Украина баргузор шуданд. Песков гуфт, "Русия соҳиби ҳудудҳои нав шудааст". "Бидуни эътирофи ин воқеият пешравие ҳосил нахоҳад шуд", - афзуд Песков.
Пештар Владимир Зеленский пешниҳод кард, артиши Русия аз Украина берун бурда шавад ва "ин қадам ҳамчун қадами ошкорои оғози танзими дипломатие дониста хоҳад шуд, ки Русия дар бораи он зиёд ҳарф мезанад".
ИМА ва аксари кишварҳои дунё, инчунин СММ натиҷаҳои раъйпурсиҳои дурӯғинро дар ҳудудҳои ишғолшудаи Украина эътироф накарданд. Русия дар моҳи сентябри соли 2022 дар чаҳор вилояти Украина ба ном раъйпурсӣ баргузор ва он ҳудудҳоро ба Русия шомил кард. Баъди моҳи сентябр неруҳои Украина минтақаҳои зиёде аз ҷумла шаҳри Херсонро аз тасарруфи неруҳои Украина озод карданд.