Аз 10 декабри соли 2022 то 1 марти соли 2023 дар Узбекистон андози аксиз барои бензини навъи АИ-80 бекор шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои Узбекистон, баъди бекор шудани аксиз навъи бензини АИ-80 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 8,7% арзон шудааст. Ба ҳисоби коршиносон, буҷаи Узбекистон аз ҳисоби бекор шудани аксиз барои бензини навъи мазкур ҳудуди 19 млн. долларро аз даст медиҳад.
Акнун як литр бензини навъи АИ-80 дар Узбекистон 0,5 доллар - муодили 5 сомонӣ - фурӯхта мешавад. Ба ин тартиб, баъди бекор шудани аксиз қимати бензини навъи мазкур ҳудуди 1 сомонӣ арзон шудааст.