Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, бовар дорад, ки агар Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бимирад, ҷанг дар ватани ӯ поён меёбад.
Зеленский ин суханонро дар мусоҳиба бо Дейвид Леттермен, ҳаҷвнигори амрикоӣ ба забон овардааст.
Мусоҳибаи ӯ рӯзи 12-уми декабр дар канали "Нетфилкс" нашр шуд.
Владимир Зеленский мегӯяд: “Агар Путин бимирад, ҳеҷ ҷанге нахоҳад буд. Агар ӯ набошад, русҳо ба сиёсатҳои дохилии кишвар машғул хоҳанд буд, на сиёсати хориҷӣ.”
Дейвид Леттермен моҳи октябри имсол ба Киев рафт ва он замон сару садо баланд шуд, ки мумкин аст, ӯ барои мусоҳиба бо Владимир Зеленский ба онҷо рафта бошад.
Русия охири моҳи феврал ба Украина ҳамла кард. Ҳазорон нафар дар ин ҳамлаи бедалел кушта шуданд ва миллионҳо нафар аз ватани худ фирор намуданд.