Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон соли 2022 боло меравад ва чунин афзоиш ба Тоҷикистон ҳам рабт хоҳад дошт.
Дар як гузориши тозаи ин бонк омадааст, ки имсол назар ба соли 2021 ҳаҷми пулҳои интиқолӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз 5 то 16 дарсад бештар мешавад.
Тоҷикистон яке аз он кишварҳои ҷаҳон аст, ки пули муҳоҷирон барои иқтисоди он нақши фавқуллода муҳим дорад ва то 32 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии онро ташкил медиҳад.
Русия мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик аст ва соли 2021 аз ин кишвар муҳоҷирон ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар фиристодаанд.