Баррандаҳои Ҷоизаи имсоли Сулҳи Нобел дар маросими тақдими ин ҷоиза пешнишҳоди ба додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ кашидани Владимир Путинро пуштибонӣ карданд.
Маросими тақдими Ҷоизаи Сулҳи Нобел дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, 10 уми декабр, дар Осло баргузор шуд. Имсол ин ҷоиза ба фаъоли беларусӣ, Алес Белятский, созмони “Мемориал”-и Русия ва Маркази озодиҳои шаҳрвандии Украина дода шуд.
Рӯзи 9-уми декабр, намояндагони барандаҳои Ҷоизаи Сулҳи Нобел, дар мулоқот бо хабарнигорон гуфтанд, бовар доранд, ки Путин дар ниҳоят барои бузургтарин таҷовузаш ба Аврупо муҷозот хоҳад шуд.
"Ман ба ин шубҳа надорам, ки дер ё зуд, Путин ба додгоҳи мардумӣ кашида мешавад.", – гуфт бо бовар раҳбари Маркази озодиҳои шаҳрвандии Украина Александра Матвийчук. Ин фаъоли ҳуқуқи башар афзуд, азияти мардуми Украина ва ҷанг натиҷаи беҷазо мондани ҷиноятҳоест, ки Русия тули даҳсолаҳо дар аксар кишварҳои дунё, аз ҷумлаи Сурия содир кардааст.
Матвийчук гуфт, Путин ва Лукашенко, ба таври густарда аз усулҳои ғайриқонунӣ барои саркӯбсозии эътирозҳо истифода мекунанд. "Онҳо фикр мекунанд, ки ҳар коре, ки мехоҳанд, метавонанд анҷом диҳанд. Ҳоло мо бояд ба ин қонуншиканиҳо хотима диҳем ва бо ташкили додгоҳи байналмилалӣ, на танҳо барои укриниҳо, балки барои тамоми мардумони кишварҳои дигар Путин, Лукашенко ва дигар гунаҳкоронро ҷавобгар кунем”– афзуд, Александр Матвийчук.
Ҳукумати Беларус ба яке аз барандаҳои ҷоизаи Нобел ва раҳбари созмони “Весна”, Алес Белятский иҷоза надоданд, ки дар маросими тақдими ин ҷоиза суханронӣ кунад. Наталя Пинчук, ҳамсари ӯ дар ин маросим аз номи Билятский ширкат ва ҷоизаро қабул хоҳад кард.
Алес Белятскии 60 сола ва ҳамроҳонашро дар Беларус ба қочоқ ва саркашӣ аз пардохти андоз муттаҳам кардаанд ва онҳо муҳокимаи навбатии додгоҳиро интизоранд. Дар сурати собит шудани иттиҳом эҳтимол ба 12 соли зиндон маҳкум мешаванд. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ин иттиҳомот нисбати фаъоли ҳуқуқи башар ангезаи сиёсӣ дорад
Ҷоизаи Сулҳи Нобел ҳар сол барои шахсиятҳое тақдим мешавад, ки барои сулҳ бештар аз ҳама талош кардаанд. Исми барандаҳои имсоларо бо як қарор Кумитаи норвежии Нобел 7-уми октябр муаян кард ва гуфт “барандаҳои ҷоизаи сулҳ намояндагони ҷомеаи маданӣ дар кишварҳои худ мебошанд. Онҳо давоми солиёни дароз ҳуқуқ ба танқиди қудрат ва ҳимоят аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандонро ташвиқ кардаанд”.