Додгоҳи олии Тоҷикистон дар муддати як ҳафта чаҳор фаъоли маданӣ, аз ҷумла як хабарнигору блогер аз Бадахшонро ба солҳои дарози зиндон маҳкум кардааст. Коре, ки мояи нигаронии вазорати умури хориҷии Амрико шуд.
Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми декабр аз манобеи гуногун, хабари ба зиндон маҳкум шудани хабарнигор Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев, Фаромуз Иргашев ва Хушрӯз Ҷумъаевро ба даст овард. Бино ба иттилои ин манобе Улфатхоним Мамадшоева ҳамин ҳафта аз ҷумла бо гуноҳи “даъват ба сарнагунии ҳукумат” ва барангехтани нооромиҳо дар Хоруғ ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст.
Азбаски муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста сурат мегирифт, маълум нест, зимни сухани охиринаш дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва оё аз ин ҳукм шикоят мекунад, ё не. Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ҳамчун журналисти мустақил кор мекард ва муассиси созмони ғайриҳукуматии “Номус ва инсоф” буд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро яке аз тарҳрезони нооромиҳо дар Хоруғ номида, дар як филме намоиш доданд, ки гӯё эътироф мекард, ки дар барангехтани эътирозҳо дар вилоят даст дошт.
Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки филм сохта аст ва мақомоти интизомӣ ӯро зӯру таҳдид мабҷур карданд, эътирофоти навиштаи онҳоро бихонад. Худаш ҳам пеш аз боздошт дар тобистони имсол гуфт, ки ҳеч кори хато ва ё қонуншикание накардааст. Улфатхоним Мамадшоеваро кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 18-уми май дастгир карданд.
Бародари ӯ, Хурсанд Мамадшоев, ки аз фаъолони дигари маданӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Ду манбаъи огоҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиа паси дарҳои баста дар боздоштгоҳ сурат гирифт ва ба наздиконашон иҷозаи ҳузур дар мурофиаро надоданд. Хурсанд Мамадшоев ҳам узви Комиссияи 44 як гуруҳи иборат аз фаъолони маданӣ буд, ки нооромиҳои соли гузашта дар Бадахшонро таҳқиқ мекард. Ӯ ба ташкили гирдиҳамоиҳо ва таъсиси созмони ҷиноӣ муттаҳам мешуд. Иддаое, ки наздиконаш рад кардаанд.
Сӣ соли зиндон ва иҷрои тақозои додситон
Дар ин миён ҷазои сахттаринро ба Фаромуз Иргашев, яке аз фаъолони мадании дигар аз Бадахшон додаанд, ки мехост, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ширкат кунад ва ошкоро аз ин қасдаш эълом дод. Коре, ки дар Тоҷикистон аксарият ҷуръати онро надоранд.
Дар бораи судури ҳукми додгоҳ Гулчеҳра Акимбекова, ҳамсари Фаромуз Иргашев рӯзи 9-уми декабр дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод. Ҳарчанд ӯ нагуфтааст, ки ҳукм кай содир шуд, вале навиштааст, зоҳиран 30 соли оянда ва ё “то охири умр” бо суолҳои “чаро ва барои кадом коре” зиндагӣ хоҳад кард. Ӯ афзудааст: “Суолҳое, ки на аз Худованд ва на аз инсоне барои онҳо ҷавоб гирифта наметавонам.”
Фаромуз Иргашевро додситонӣ ба ҷиноятҳои сангин аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мекард ва рӯзи 1-уми декабр аз додрас хоста буд, ӯро ба 30 соли зиндон маҳкум кунад. Сӣ соли зиндон баъди зиндони якумрӣ бадтарин ҷазо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Фаромуз Иргашев Улфатхониму бародараш мисли даҳҳо фаъоли дигари бадахшонӣ тобистони имсол бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳо дар Хоруғу Рӯшон боздошт шуданд.
Хушрӯз чӣ кор кард, ки ба 8 соли зиндон маҳкум шуд
Фаъоли дигари маданӣ ва блогере, ки ин ҳафта бо ҳукми Додгоҳи олӣ акнун бояд 8 солро паси панҷара сипарӣ кунад. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, муҳокимаи Хушрӯз Ҷумъаев, блогери бадахшонӣ, ки бо номи Хушом Ғулом дар бораи вазъияти Бадахшон ва масоили фарҳангии вилоят менавишт, ҳамин ҳафта сурат гирифт. Ӯро низ моҳи май кормандони вазорати умури дохилӣ дастгир карданд. Хушрӯз Ҷумъаев ҳам ба созмондеҳии тазоҳурот дар Хоруғ ва Рӯшон ва даъват барои сарнагунии ҳукумат муттаҳам мешуд.
Пештар аз нашри ин гузоришҳо вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 8-уми декабр бо нашри як баёнияи кутоҳ гуфт, аз гузоришҳо дар бораи ҷазоҳои сахт ба хабарнигорон, блогерҳо, фаъолони маданӣ, ки аз ҳуқуқи худашон барои озодии баён истифода бурдаанд, сахт нигарон аст. Дар баёнияи кутоҳи вазорат дар Твиттер омадааст: ”Мо тақозо мекунем, муҳокимҳо озоду одилона сурат бигирад ва афроде, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, озод карда шаванд ва озодии баён ҳимоят карда шавад.“
Боздошт ва ба зиндон андохтани фаъолони маданӣ аз Бадахшон, ки мардумаш аз аққалиятҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд, баъди моҳи май оғоз ёфт. Баъди онки дар ноҳияи Рӯшон мардум як роҳеро бастанд ва эътироз карданд. Дар натиҷаи истифодаи неру ба зидди тазоҳургарон даҳҳо нафар кушта шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти фаъолони маданӣ ва хабарнигорон борҳо ва сахт танқид карданд. Аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар моҳи август аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои «ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад. Ин созмон гуфт: "Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин беадолатиҳо хотима дода, ба аҳдномаҳои байналмилалии худ барои таъмини муҳокимаҳои одилона пойбанд бошанд."