Путин гуфт, ҷанги Украина шояд дароз шавад, Зеленский чизи дигар гуфт

Владимир Путин ва Владимир Зеленский

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, мумкин аст, ҷанг бар зидди Украина ба дарозо бикашад, аммо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, кишвараш намегузорад, ҳеч яке аз шаҳрвандонаш дар қаламрави ишғолӣ зиндагӣ кунанд.

Ҳарду раиси ҷумҳур ҳангоми муроҷиат ба ду созмони алоҳидаи ҳомии ҳуқуқ дар ин бора рӯзи 7-уми декабр суҳбат карданд. Владимир Путин ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Русия ҷанг дар Украинаро “амалиёти махсуси низомӣ” номид ва гуфт, ки он метавонад, “тӯлонӣ” шавад.

Ӯ илҳоқ ва ё ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани қисматҳое аз Украинаро муваффақияти бузурги “амалиёт” номид. Ӯ гуфт: “Албатта он метавонад, тулонӣ шавад.” Владимир Путин расо нӯҳуним моҳи пеш фармон дод, ки неруҳои кишвараш ба Украина ҳамла кунад.

Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский, ки онлайнӣ ба аъзои Бунёди Ҳуқуқи Башари Роберт Кеннедӣ муроҷиат мекард, гуфт, ки то кунун неруҳои кишвараш 1888 маҳалларо аз дасти неруҳои Русия озод кардаанд. Ба қавли ӯ, ҷанг дар кишвараш ба ҷанг барои бақо табдил шудааст, ки дар майдонҳои набарди он сарнавишти миллионҳо украинӣ ҳал мешавад.