Бонки Қирғизистон суратҳисоби "Temirov Live"-ро баст

Болот Темировро аз Қирғизистон ихроҷ карданд

Бонки "Қирғизистон" суратҳисоби тарҳи рӯзноманигории "Temirov Live"-ро, ки барои мубориза бо коррупсия ва худсариҳои мақомот пул ҷамъ мекард, баст.

"Мо бо таассуфи амиқ маҷбурем хабар диҳем, ки дар ҳоли ҳозир суратҳисоби бонкии "Temirov Live" баста шудааст. Худатон хулоса кунед", - навиштаанд рӯзноманигорони қирғизистонӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

"Темиров Live" сарфи назар аз он ки бонк барои бастани суратҳисоб ягон далели расмӣ надорад, тасмим гирифтааст, ки эълони ҷамъоварии маблағро қатъ кунад. Дар ҳоли ҳозир ҳуқуқшиносоне, ки аз манфиатҳои гурӯҳи рӯзноманигорони таҳқиқотгар ҳимоят мекунанд, масъаларо бо масъулони бонк баррасӣ доранд.

Бунёдгузори тарҳи мазкур Болот Темиров аст, ки ахиран аз Қирғизистон ихроҷ шуд. Темиров 18 апрели имсол таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ширкати писари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар тендерҳои давлатӣ нашр кард. Рӯзи 19 апрел мақомот хабар доданд, ки нисбати Темиров парвандаҳои нав дар бораи "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" кушода шуд. Темиров гуфт, ба хотири фаъолиятҳои касбиаш таъқиби ҷиноӣ мешавад.

Дар моҳи январи имсол низ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 28 сентябри имсол рӯзноманигори таҳқиқотгар ва муассиси саҳифаи "Temirov LIVE"-ро бегуноҳ эълом кард. Дертар Темиров гуфт, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва раиси кумитаи амнияти он кишвар Қамчибек Тошиевро ба додгоҳ кашиданист.