Наздики 20 киштии нафткаши Қазоқистон дар соҳили баҳри Сиёҳ дар наздикии Туркия дармондаанд. Ин мушкил баъди он барои киштиҳои қазоқистонӣ эҷод шуд, ки кишварҳои Ғарб барои нафти Русия қимати муайяне таъйин карданд.
Рӯзи 5-уми декабр эмбаргои нафт ба иҷро даромад, ки кишварҳои Ғарб барои нафти Русия дар ҳадди 60 доллар барои ҳар бушка қимат таъйин карданд.
Нашрияи Financial Times менависад, бештари киштиҳое, ки дар соҳили Туркия дармондаанд, ба Қазоқистон рабт доранд. Нафти Қазоқистон тавассути лӯла ба Русия интиқол дода мешавад ва таҳти таҳримҳои Ғарб қарор надорад.
Ба навиштаи хабаргузории Bloomberg, ҳадди ақал 20 киштии нафткаш чанд рӯз аст, ки мунтазири убур аз ҳудуди Туркия ҳастанд. Ин киштиҳо дар маҷмуъ 18 миллион бушка нафт доранд.
Ин нафт бояд ба Аврупо интиқол дода шавад.
Мақомоти Қазоқистон дармондани киштиҳоро шарҳ надодаанд.
Ҳафтаи гузашта кишварҳои шомили "Ҳафтгонаи бузург", Иттиҳоди Аврупо ва Австралия ба созиш расиданд, ки нафти Русияро на бештар аз 60 доллар барои ҳар бушка харидорӣ кунанд. Ин тасмим ба хотири он гирифта шуд, ки даромади буҷаи Русия коҳиш ёбад. Кишварҳое, ки барои нафти Русия ҳадди муайяни қимат таъйин карданд мегӯянд, ҷанги Русия зидди Украина аз буҷаи Русия сармоягузорӣ мешавад.