Дар Узбекистон корхонаи истеҳсоли либосҳои "Hugo Boss" таъсис шуд

Дар вилояти Намангони Узбекистон намояндагии ширкати аврупоии "Hugo Boss" таъсис шуааст.

Ин корхона солона то 1 миллион маҳсулот таҳия ва то 15 миллион доллар содирот мекунад.

Дастгоҳҳои корхона аз Олмон ва Туркия оварда шудаанд. Айни замон дар корхонаи мазкур 1,5 ҳазор ҷойи корӣ таъсис шудааст.

Дар вилояти Намангони Узбекистон ба ҷуз аз "Hugo Boss", намояндагии ширкатҳои дигар, аз ҷумла ширкати "Waikiki"-и Туркия, "Baldessarini" - Олмон ва "ZARA"-и Испания фаъолият мекунанд.