Тоҷикистону Қирғизистон барои нишонагузории 17,66 километри марз ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст. Айни ин иттилоъро сомонаи расмии Кабари Қирғизистон ҳам нашр кардааст.
Бино ба хабарномаи расмӣ, аз 1 то 6 декабр дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид.
“Зимни вохӯрӣ Тарафҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд,”-гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Мақомоти ду кишвар нагуфтаанд, ки ин 17 километр марз дар кадом минтақаи сарҳад ҷойгир шудааст. Ду тараф бо зикри инки “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд,” дигар ҷузъиёте надодаанд. Дар назар аст, ки вохӯрии навбатии гуруҳҳои корӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Аломатгузории марз яке аз масъалаҳои асосӣ миёни Душанбе ва Бишкек аст. Дар минтақаҳои муайяннашудаи марз ҳар чанд вақт муноқишаҳо сар мезанад. Аз ҷумла дар яке аз даргириҳои хунин дар моҳи сентябри имсол аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Душанбе ва Бишкек якдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 27 ноябр гуфт, дар масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон созиши пешакӣ ҳосил шудааст ва қарор аст, ба зудӣ мақомоти Душанбе барои гуфтугу дар ин бора ба Бишкек сафар кунанд.
Пеш аз Содир Ҷабборов гуфта буд, онҳо қасд доранд, масъалаи таъйину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон то охири имсол ҳал шавад. Мақомоти Тоҷикистон ба изҳоротҳои Содир Ҷабборов вокуниш накарданд.
Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели имсол гуфт, ки аз 987 километр марз “663,7 километр ё 68,4 дарсади хати сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст”.