"Иттиҳоди сабз" зидди бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қирғизистон аст

Намояндагони Анҷумани шахсони ҳуқуқии "Иттиҳоди сабзи Қирғизистон" бо ирсоли нома ба унвонии вазоратҳои энержӣ, манобеи табиӣ ва экология мухолифати худро ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар баён кардаанд.

"Ҳарчанд таъкид шудааст, ки ин нерӯгоҳи ҳастаии хурд мебошад. Аммо ба ҳама маълум аст, ки ҳатто манбаъҳои хурди энергияи ҳастаӣ ва миқдори ками моддаҳои радиоактивӣ ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд", - омадааст дар нома.

Намояндагони анҷуман гуфтаанд, хабари бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Қирғизистон соли 2019 қарор "Дар бораи манъи фаъолиятҳои марбут ба корҳои иктишофи геологӣ ва коркарди конҳои уран"-ро қабул кардааст.

Вазорати энержии Қирғизистон ахиран хабар дод, ки бо ширкати русии "Росатом" созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст. Бар асоси ин қарордод, ширкат асосҳои фаннӣ-иқтисодии як нерӯгоҳи хурди ҳастаиеро, ки дар Қирғизистон бунёд мешавад, омода хоҳад кард.

Ибтидои имсол хабар дода шуд, ки вазорати энержии Қирғизистон дар якҷоягӣ бо ширкати русии “Росатом” дар бораи бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ дар Қирғизистон ёддошт имзо кардааст. Дар бораи лоиҳа маълумоти дигар вуҷуд надорад.