Аз маоши омӯзгорон барои кӯдакони талбанда пул ҷудо мекунанд

Дар Туркманистон як қисми маоши омӯзгоронро барои кӯдакони талбанда медиҳанд. Дар ин бора дар нишасти ҳукумати шаҳри Туркманбошӣ ба масъулини шӯъбаҳои маориф дастур шудааст.

Як манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт. “Дар ҷаласа гуфтанд, агар волидон имкони таъмини кӯдаконро надоранд, пас роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон бояд дар ин кор ба онҳо кӯмак расонанд. Бинобарин эълон карданд, ки аз маоши омӯзгорон ҳар моҳ 200 манат ($57) долар гирифта мешавад. Онҳо вазифадор шуданд, хонандаҳоеро, ки барои талбандагӣ дар қайди милиса ҳастанд, кӯмаки молӣ намоянд ва бо хӯроку либос таъмин кунанд.” – гуфтааст як манбаи Озодӣ дар шӯъбаи маорифи яке аз ноҳияҳои Турманистон

Ба нақли мусоҳиби бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин тасмим дар пайи афзоиши шумори кӯдаконе гирифта шудааст, ки дар нуқтаҳои серодами шаҳр ва бозор ба талбандагӣ машғуланд. “Дар хона интернатҳои вилоят ҷой нест. Имкони ҷой кардани кӯдакон дар ин муассисаҳо вуҷуд надорад. Мақомот ба ҷуз аз талоши ҷилавгирӣ аз талбандагӣ дар байни кӯдакон аз ҳисоби омӯзгорон кори дигаре карда натавонистанд», - афзуд манбаъ.

Омӯзгороне, ки аз додани кӯмакпулӣ барои кӯдакон даст мекашанд, таҳдид шудаанд, ки тафтиш ва аз кор хориҷ карда мешаванд. Як мансабдори туркман гуфтааст, ҳар як мактаб бояд таъмини аз 5 то 10 кӯдакро ба ӯҳда бигирад. Вокуниши мақомот ва масълуини Раёсати маорифи шаҳри Туркманбошӣ ба ин хабар дастрас нест.

Дар Туркманистон ҳар сол аз омӯзгорон бо ҳар баҳона ва барои харҷе, ки ба кори онҳо ягон рабт надорад, пул меситонанд. Аз ҷумла онҳоро маҷбур мекунанд, ки барои харидории ниҳол, пахтачинӣ ва тоза кардани заминҳои пахта ва таъмири синфхонаҳо пул ҷамъ кунанд.

Бархе аз омӯзгорон дар Тоҷикистон ҳам аз он шикоят мекунанд, ки бо баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла барои таҷлили ҷашну маросимҳои расмӣ ва харидории нашрияву китобҳо аз маоши онҳо кам мекунанд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар гузашта гуфта буд, ҳеҷ мактаберо барои обуна шудану пул ҷамъ кардан маҷбур намекунанд.