Русия ба дуздидани миллионҳо тонна гандуми Украина муттаҳам шуд

Русия аз Украина ба маблағи на камтар аз $1 млрд. доллар гандум бурдааст. Дар ин бора хабаргузории "Bloomberg" бо такя ба NASA Harvest, лоиҳаи Оҷонси кайҳоншиносии Амрико, ки ба амнияти байналмилалии ғизоӣ бахшида шудааст, иттилоъ медиҳад.

Бино ба хабари "Bloomberg", дар минтақаҳои зери назорати неруҳои Русия ҳудуди 6 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст.

Нерӯҳои Русия дар ҳоли ҳозир қаламравҳоеро дар даст доранд, ки тақрибан чаҳоряки гандуми Украина дар онҷо кишт мешавад. Русия ибтидои моҳи октябри соли равон хабар дода буд, ки ин минтақаҳоро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Ҳарчанд баъзе аз қисматҳои он аз ҷумла шаҳри Херсонро ба неруҳои Украина таслим кард.

Дар минтақаҳои дигари Украина, ки зери назорати русҳо нестанд, имсол беш аз 26 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст ва ин аз пешбиниҳо бештар мебошад.

Тибқи таҳқиқот, киштиҳои Русия гандумро аз Украина ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла ба Либия ва Эрон содир кардаанд. Аммо ҳисоби ҳаҷми умумии гандуми интиқолёфта душвор аст, зеро онҳо кӯшиш мекунанд макони ҷамъоварии гандумро пинҳон кунанд.